21:09 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Қуттӣ, акс аз бойгонӣ

Аз корхонаи наве дар Душанбе моддаҳои сахттаъсири заҳролуд пайдо шуд

© Sputnik / Евгений Епанчинцев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
258 0 0

Контейнерҳо мутааллиқ ба як корхонаи барҳамдодашуда будааст ва роҳбарияти коргоҳи нав дар бораи мавҷудияти ин контейнерҳои заҳрогин дар анбори қаламраваш хабар надоштааст

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳангоми тафтиши нақшавӣ дар яке аз корхонаҳои шаҳри Душанбе ҳафт контейнер моддаҳои сахттаъсири заҳрогинро ошкор карданд. 

Ба иттилои КҲФ, контейнеҳо мутааллиқ ба як корхонаи барҳамдодашуда буд ва роҳбарияти коргоҳи нав дар бораи мавҷудияти ин контейнерҳои заҳрогин дар анбори қаламраваш хабар надошт. 

Тафтиши мутахассисон нишон дод, ки контейнерҳо дорои хлор ва хладони моеъ мебошанд. Қуттиҳо дар ҳоли садамавӣ қарор доштанд ва хатарнок буданд.

Баъди ба расмият даровардани асноди зарурӣ ба хотири интиқоли моддаҳои заҳрогини хатарнок ҳамаи ин ҳафт контейнер ба корхонаи тавлидкунандаи он ҶС "Тоҷикхимпром" интиқол дода шуд. 

Пештар хабар дода шуд, ки дар мактаби рақами 23-уми  деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод  27 хонанда дар ҳолати дилбеҳузурӣ ва беҳушӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.

Донишомӯзон пас аз ба мактаб омадан, худро бад ҳис кардаанд ва дарҳол ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба расонаҳои давлатии кишвар хабар додааст, ки ҳоло барои муайян кардани ин ҳодиса гурӯҳи вижаи вазорат ба ноҳияи Мӯъминобод сафар кардааст.

Гуфта мешавад, мутахассисон ҳоло дар мактаби 23, қарор доранд ва ҳодисаро месанҷанд.

"Ба иттилои мутахассис, айни ҳол 27 хонандае, ки бо сабаби дарди сару беҳолӣ худро нотоб ҳис кардаанд, аз ташхис гузаштанд ва дар онҳо ҳодисаи заҳролудшавӣ ба қайд гирифта нашуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳанӯз сабаби сар задани ин рухдод маълум нест, вазъи хонандагон беҳтар шудааст ва санҷиш идома дорад.

Барчаспҳо:
моддаи заҳролуд, коргоҳ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ