02:48 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Меҳмонхона дар Зафаробод

Соҳибкоре дар ноҳияи Зафаробод меҳмонхона бунёд кард

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи наву замонавии "Ситора" ширкат кардааст

ДУШАНБЕ, 8 апр— Sputnik. Соҳибкоре дар ноҳияи Зафаробод меҳмонхона бунёд кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи наву замонавии "Ситора" ширкат кардааст.

Гуфта мешавад, ки меҳмонхонаи мазкур аз се ошёна иборат буда, дар як вақт имкони қабули 20 нафарро дорад.

"Ситора" аз ҷониби соҳибкор Орифҷон Маҳмудов бо харҷи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дорои 8 ҳуҷраи дараҷаҳои олӣ ва миёна, маҷлисгоҳи хурд, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Аснои боздид раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи меҳмонхонаро дар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" муфиду саривақтӣ арзёбӣ кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии "Парламент"-ро ифтитоҳ кард.

Меҳмонхонаи "Парламент" дорои 29 ҳуҷра, аз ҷумла 6 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс), 15 ҳуҷраи олӣ (люкс) ва 8 ҳуҷраи стандартӣ бо 160 ҷой мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо ҷалби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қирғизистон дар муддати 5 сол бунёд карда шудааст ва дар ҷараёни корҳои сохтмонии он то 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ