15:04 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
316 0 0

Гуфта мешавад, зан барои "ҳаққи хидматаш" 200 сомонӣ меситонидааст. Милисаи пойтахт нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ,10 апр- Sputnik. Зани ҷавоне дар пойтахт ба иттиҳоми даллагӣ боздошт шудааст. Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, зани 37-солаи сокини кӯчаи Ҷомии ноҳияи Фирдавсиро кормандони милиса   ҳангоми гузарониданиамалиёти бозҷӯӣ дастгир намуданд.

Гуфта мешавад, зан рӯзи 9-уми апрели соли равон, тахминан соати 14:00-дақиқа, ба даллагӣ машғул шуда, зани 43-солаи сокини шаҳри Душанберо барои муносибатҳои маҳрамона бо марди 33-солаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт шинос кардааст.

"Ҳамин тавр, номбурда рӯзи 9-уми апрели соли равон, тахминан соати 15:00-дақиқа, ба даллагӣ машғул шуда, зани 43-солаи дар боло зикргардидаро барои муносибатҳои маҳрамона бо марди 30-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт шинос кардааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Зан барои "ҳаққи хидматаш" 200 сомонӣ меситонидааст. Милисаи пойтахт нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
даллагӣ, боздошт, зан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ