21:13 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Эмомали Рахмон, архивное фото

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон бархе аз масъулинро ҷо ба ҷо кард

© Сайт президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
162521

Имрӯз чанде аз масъулин бо қарорҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аз симаташон барканор ва ба вазифаи дигар таъин шуданд

ДУШАНБЕ, 11 апр- Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар  чанде аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Дар ин бора дар дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро мунташир кардааст.

Имрӯз бо натиҷагирӣ аз фаъолияти баъзе вазорату идора, сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал бароварда, онҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сатҳи роҳбарӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфт.

Нахуст раисҷумҳур ҳозиринро вобаста ба иҷрои вазифа ва масъулияти роҳбарӣ бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбариашон ҳидоят намудааст.

Бо Фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон раисони додгоҳҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раисони додгоҳи шаҳрҳои Бохтар, Леваканди ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, раиси додгоҳи ноҳияи Мурғоби ВМКБ, раиси додгоҳи иқтисодии ВМКБ, раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд, муовини раиси додгоҳи шаҳри Ҳисор, додситонҳои як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби ҷавонон таъин шудаанд.

Мутобиқи банди 8-и моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи додгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Муминзода Бахтиёр Мумин бо Фармони раисҷумҳури  Тоҷикистон ба вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобозода Хисрав Хоркаш муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард таъин гардидаанд.

Дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Муминободи вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин гардида, дар якчанд Раёсат ва сохторҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ тағироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Носир — Директори муассисаи давлатии "Тоҷикфилм", Давлатзода Сайфиддин муовини вазири маориф ва илм, Аҳмадзода Орзу — муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширинҷонзода Маҳмуд — муовини аввал, Қаландарзода Ҳабибулло — муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонзода Амирхон Файзулло — муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Раисҷумҳур зимни суҳбат ҳар як хизматчии давлатиро таъкид намудааст, ки дар доираи санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳавӣ кори бонизому дуруст ва самараноки самти вобасташударо таъмин намуда, дар иҷрои вазифаву масъулият бо ҷиддият, поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат муносибат намуда, тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонӣ ва таҷрибаи касбкардаро баҳри ободии сарзамин ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва сабабу монеаҳои пешрафту тараққиёти кишвар равона намоянд.

"Дар шароити зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва авзои минтақа афроди огоҳу ҳушёр, соҳибкасбу баномус ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд оромии сарзамин ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд", —таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Мавзӯъҳои асосӣ