10:45 21 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Корхонаи Атласи Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

"Атласи Хуҷанд" иқтидори истеҳсолоташро зиёд кард

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Феълан дар муассиса беш аз 100 нафар ҷавонон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. "Атласи Хуҷанд" шӯҳрати қаблиашро барқарор месозад, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳр.

"Яке аз корхонаҳои азимтарини шаҳри Хуҷанд "Атласи Хуҷанд" иқтидори истеҳсолотии хешро бо василаи фармоишоти дохилӣ зиёд намуда истодааст",- гуфта мешавад дар гузориш.

Ин корхона, ки дар гузашта бозори Тоҷикистон ва минтақаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, як муддат,  то соли 2005 бо иқтидори пуррааш фаъолият надошт. Дар соли 2005 фаъолияти "Атласи Хуҷанд" барқарор шуд, ки ҳоло  дар он истеҳсоли атласу адрас роҳандозӣ гардидааст.

"Айни замон дар корхонаи "Атласи Хуҷанд" 32 адад дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти фармоишоти дохилӣ корхона метавонад ҳаҷми истеҳсолотии хешро тақвият бахшад",- мегӯяд роҳбари корхона Азимҷон Ғафуров.

Ба иттилои манбаъ, феълан дар муассиса беш аз 100 нафар ҷавонон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дар "Атласи Хуҷанд" дар як сол 60 ҳазор метри тӯлонӣ атлас истеҳсол карда мешавад ва агар басти дуюми корӣ роҳандозӣ гардад ин нишондод ба 120 ҳозор метри тӯлонӣ хоҳад расид.

"Матоъҳои атласу адраси "Атласи Хуҷанд" дорои сертификати сифати буда, атлас аз абрешими тоза ва адрас бошад сад фоиз аз нахи пахта истеҳсол шуда, ба саломатии инсон безарар мебошад",- меафзояд дафтари матбуотӣ.

Дар назди корхона сехи дӯзандагӣ низ амал менамояд, ки матоъҳои истеҳсолнамудаи ин корхонаро бо тарзу усулҳои муосир медӯзад.

Барчаспҳо:
истеҳсолот, Атласи Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ