06:23 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Баҳор, акс аз бойгонӣ

То 30 дараҷа гармӣ: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, вазиши шамол дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Имрӯз, 12 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 3-2 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона дар водиҳо 3-8 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
гармӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ