03:00 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Тифли навзод, акс аз бойгонӣ

Шароит надорам: зане аз шаҳри Турсунзода тифли навзодашро ба 3000 сомонӣ фурӯхт

© Sputnik / Александр Паниотов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
100 0 0

Зан гуфтааст, барои тарбияи фарзандаш шароити мусоид надошт ва барои ҳамин хост тифлашро фурӯшад

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Зани 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода тифли навзодашро фурӯхтааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, зан муваққатан дар шаҳри Ҳисор истиқомат карда, 4 апрел писарчае ба дунё овардааст.

"Вай пас аз чанд рӯзи таваллуд тифлро ба марди 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба 3000 сомонӣ фурӯхтааст",- гуфта мешавад дар гузориш.

Зан гуфтааст, барои тарбияи фарзандаш шароити мусоид надошт ва барои ҳамин хост тифлашро фурӯшад.

Муттаҳамро кормандони милиса дастгир карда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Барчаспҳо:
фурӯш, кӯдак, зан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ