04:33 10 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Тухм, акс аз бойгонь

Ҳукумати Тоҷикистон манъ шудани воридоти тухмро такзиб кард

© Sputnik / Юлия Честнова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
16920

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки воридоти тухм ба кишвар муваққатан мамнӯъ шудааст

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ожонси  "Тоҷикстандарт" хабари гӯё ба Тоҷикистон мамнӯъ шудани воридоти тухмро такзиб  кард. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба манбае аз Ожонси "Тоҷикстандарт" гузориш медиҳад.

"Ба воридоти тухми мурғ дар умум ва ё аз кишвари алоҳидае маҳдудияте ҷорӣ нашудааст", — гуфтааст намояндаи "Тоҷикстандарт".

Пештар расонаҳои Тоҷикистон хабар дода буданд, ки ба кишвар воридоти тухми мурғ муваққатан мамнӯъ шудааст.

Ин чораҷӯӣ гӯё бо далели шикоятҳои бисёри сокинон аз сифати тухмҳои хориҷа санҷида шудааст.

Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон моҳҳои охир нархи тухм дучанд арзон шуд. Ба нақли сокинон, пас аз ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ ва лағви раводид бо Узбакистон ба кишвар воридоти тухм бештар ва нарх арзонтар шуд.

Барчаспҳо:
тухм, воридот, "Тоҷикстандарт", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ