Дар Душанбе ягона табобатгоҳи байториро бастанд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМолочная ферма агрохолдинга "Рождество" во Владимирской области
Молочная ферма агрохолдинга Рождество во Владимирской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдрас мешавем, ки танҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд як табобатгоҳи байториии хусусӣ фаъолият мекунанду дар дигар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ чунин муассиса умуман нест

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Тавре хабаргузории ТоҷикТА гузориш медиҳад, дар Душанбе ягона табобатгоҳи байтории давлатиро бастаанд.

"Аз 1 апрели соли равон дар Душанбе ягона табобатгоҳи давлатии байториро бастанд, ки зери роҳбарии хадамоти назорати давлатии байтории Тоҷикистон фаъолият мекард",- хабар додааст мудири пешини табобатгоҳ Бобошо Каримшоев.

Ҳамчунин хадамоти давлатии назорати фитосанитарӣ, хадамоти давлатии тухмкорӣ ва идораи  давлатии зотпарварӣ барҳам дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, барҳам додани ин идораҳо қарори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ аст, ки ҳоло ба ислоҳоти сохторҳо машғул аст.

"Кумита мехоҳад сохтореро созмон диҳад, ки ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад.  Яъне, ин чораҷӯии муваққатист ва ба наздикӣ ташкилоти замонавии нав созмон дода мешавад",- гуфт вай.

Ёдрас мешавем, ки танҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд як табобатгоҳҳои байториии хусусӣ фаъолият мекунанду дар дигар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ чунин муассиса умуман нест.

Лентаи хабарҳо
0