14:04 20 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.96
  • RUB0.15
Каромат Шарипов, акс аз бойгонӣ

Каромат Шарипов исбот карда натавонист, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
172 0 0

Шарипов гуфтааст, ки ӯ феълан дар қайди ҷамоати Бӯхстони ноҳияи Файзобод нест. Ӯ дар соли 2011 аз қайди ҷамоати мазкур баромада буд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Роҳбари пешини созмони "Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон" Каромат Шарипов натавонист исбот кунад, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.

Чанд додгоҳи кишвар ҳуҷҷатҳои Шариповро барои баррасии парвандааш қабул накардаанд. Худи Шарипов гуфтааст, ҳангоми муроҷиат  вайро аз як додгоҳе ба додгоҳи дигар равон мекарданд.

Шарипов афзудааст, ки ӯ айни ҳол дар қайди ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзобод нест, ки аз он ҳанӯз дар соли 2011 баромада буд.

Пештар Каромат Шарипов гуфта буд, ки мехоҳад аз Олмон ё Британия Кабир мақоми паноҳандагӣ ба даст оварад.

"Бо мақсади ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ дар Олмон ё Британияи Кабир ман аз Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо (САҲА) кӯмак хостам",- гуфтааст вай ба рӯзноманигорон.

Аз дафтари матбуотии Дафтари барномаи САҲА дар Душанбе хабар додаанд, ки ин гуна муроҷат ба САҲА аз ҷониби Каромат Шарипов ба қайд гирифта нашудааст.
"Мо барои ҳалли ин гуна масъалаҳо ваколат надорем",- афзудааст дафтари матбуотӣ.

Дар моҳҳои ноябр расонаҳои Русия хабар доданд, ки роҳбари Федератсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Қарори вижаро додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав содир кадааст.

Додгоҳ шикояти Шариповро қонеъ накарда, ӯро дар толори суд боздошт кард ва пас аз чанде ба ӯ огоҳинома дод, ки ба Тоҷикистон истирдод мешавад.Вакили роҳбари муҳоҷирон аз ин ҳукми додгоҳи шаҳрӣ ба додгоҳи вилоятӣ шикоят бурд, аммо ҳукми додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав тағйир наёфт. Каромат шарипов 13 декабри соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Барчаспҳо:
додгоҳ, Каромат Шарипов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ