Сандуқи байналмилалии пул Тоҷикистонро бенавотар кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкДоллары США, архивное фото
Доллары США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 ба 27,5% афзуда, нуқтаи 2,9 миллиард долларро дарёфт кард, ки ин 40,3% ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сандуқи байналмилалии пул моҳи ноябри соли 2017 тасмим гирифт, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро табақабандии муҷаддад карда, онро ба дараҷаи болотар барад, гуфта мешавад дар "Шарҳи муфассали рушди Осиё — 2018" (нашрияи асосии иқтисодии солонаи Бонки осиёии рушд) роҷеъ ба Тоҷикистон

Чунин тасмим дар натиҷаи вайрон кардани маҳдудиятҳои пешбинишудаи қарзи давлатии Тоҷикистон гирифта шуд.

Деньги - Sputnik Тоҷикистон
Сармояи хориҷӣ барои Тоҷикистон: чигуна мешавад вом гирифту варшикаста нашуд

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми қарзи берунаи ҷумҳурӣ дар соли 2017 ба 27,5% афзуда, нуқтаи 2,9 миллиард долларро дарёфт кард, ки ин 40,3% ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад

Соли гузашта бо назардошти нашри коғазҳои қимматноки давлатӣ ё евробондҳо, ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,1 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки аз соли 2016 дида, 30,6% бештар аст.

Ҳамин тавр дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони "Сатҳи баланди осебпазирӣ, сарфи назар аз рушди устувори иқтисодӣ" гуфта шудааст, ки авомили асосии афзоиши қарзи Тоҷикистон эътиборҳое буданд, ки барои роҳандозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (махсусан аз Чин) гирифта шуда буданд, ва ҳамчунин нашрҳои абзорҳои бадеҳии дохилӣ барои дастгирии соҳаи барқ ва еврооблигатсияҳо мебошанд.

Он замон таъкид шуда буд, ки аввалин муаррифии еврооблигатсияҳои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2017, вусъатёбии қарзи кишварро хеле зиёд карда, портфели қарзи кишварро хеле зиёд фаро гирифт. 

"Мақомоти расмӣ ният доранд то стратегияи идоракунии қарзи миёнамӯҳлатро таҷдиди назар карда, қоидаи молиявии онро то сақфи остонавии бадеҳӣ нармтар созанд, ва ҳамин тавр афзоиши вомро аз 40% ҳозираи ММД то 60% ММД расонанд", — гуфта мешавад дар санад.

Лентаи хабарҳо
0