Қаллоб дар ниқоби тоҷир: боздошти ҷавоне, ки савдогарони "Ковон"-ро "тороҷ" мекард

© МВД РТПодозреваемый в грабеже
Подозреваемый в грабеже - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни баррасии ариза ва муроҷиати шаҳрвандон як нафар мардумфиребро дастгир намуданд, ки қаблан 3-маротиба бо содир намудани ҷинояти қаллобӣ суд шуда, боз такроран ҷиноят содир намудааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии ВУД ҶТ, Дилшод Солиеви 38-сола сокини Мастчоҳ мебошад, чанд бор бо роҳи фиреб ба хотири гӯё пешбурди тиҷорат матоъ ва рӯймолҳои занонаро аз тоҷирон гирифта, пулашро надодаанд.

Автомобиль на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қонуншикании 3 500 ронанда дар 6 рӯз дар Душанбе

Муттаҳам ба роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Аъзамҷон Маҳмадқулов, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар бозори "Корвон" ба тиҷорат машғул аст, даромада, бо ваъдаи пасон овардани маблағ аз ӯ 90-адад бастаи (рулон) матои занонаро, ки маблағи умумии 37-ҳазору 350-сомониро ташкил медиҳад, аз они худ намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин гумонбаршаванда бо идомаи кирдорҳои ҷиноятӣ дар ду ҳолати дигар низ аз тоҷирони бозори "Корвон",  аз яке 120-адад рӯймолҳои занона ба маблағи 2000-сомонӣ ва аз дигаре 100-адад рӯймолҳои занона бо маблағи 3000-сомонӣ гирифта бо фурӯши онҳо фоида ба даст оварда, маблағашро бозпас надодааст.

Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содир намудани 8-ҳолати ҷинояти қаллобӣ даст дошта, ба шаҳрвандон дар маҷмӯъ зиёда аз 55 000 сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.

Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0