Равобити Тоҷикистону Туркия наздиктар мешавад

© Вазорати умури хориҷаи ТоҷикистонВохурӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия
Вохурӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаноби Ахмет Йилдиз дар ҳайси роҳбари ҳайати туркӣ барои ширкат дар 23-юмин нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Душанбе ташриф овард

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ахмет Йилдизро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

"Ҷаноби Ахмет Йилдиз дар ҳайси роҳбари ҳайати туркӣ барои ширкат дар 23-юмин нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Душанбе ташриф овард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои туркманаш дар чӣ бора суҳбат кард? - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои туркманаш дар чӣ бора суҳбат кард?

Тавре дафтари матбуотӣ афзудааст, дар ин дидор  ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сайёҳат, ҳамкориҳои фарҳангӣ, илму маориф, вазъи амниятии минтақа, бахусус Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва ифротгароӣ ва дигар масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, 16-17 апрел дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони умури хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар кори Иҷлосия, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов доир гашт, ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмон бо роҳбарии Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон, Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон,  Озарбойҷон, Қазоқистон раиси Шӯрои банақшагирии Ҷумҳурии Исломии Покистон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, Узбекистон  ва Дабири кулли СҲИ Иброҳим Халил Акча ширкат варзиданд.

Лентаи хабарҳо
0