Дар ҶТ сарбозони ҷавон собиқадори муҳосираи Ленинградро хабар гирифтанд

© © SputnikВетеран Соболев, архивное фото
Ветеран Соболев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар остонаи 9-уми май, сарбозони ҷавони Тоҷикистон яке аз собиқадорони ҶБВ-ро хабар гирифтанд

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Сарбозҷавонони мактаби № 6-и шаҳри Душанбе иштирокчии муҳосираи Ленинград Соболев Олег Дмитриевичро хабар гирифтанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ОМН.

Хонандагон дасти холӣ наомада буданд, онҳо ба куҳансарбоз гул, конфет, торт ва ҳар гуна шириниҳои дигар оварданд. Ҳамчунин дар ин рӯз набераи 11-солаи Олег Дмитриевич ба меҳмонӣ хонаи бобояш омада буд, ки аз дидани торту шириниҳо хеле хурсанд шуд.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба аёдати кӯҳансарбози 100-солаи ҶБВ рафт

Сарбозбачагон ба собиқадори ҷанг китоберо аз номи раиси иттифоқи касабаи пойгоҳи низомии 201-ум Ғафур Шерматов "Дивизияҳои кавалерие, ки дар Тоҷикистон барои ҷангҳои зидди вермахт ташаккул ёфтаанд; таърихчаҳои амалиёти низомии солҳои 1941-1942"-ро тӯҳфа карданд.

Олег Дмитрич аз ин таваҷҷӯҳ ниҳоят болидарӯҳ гардид. Ӯ ба писарон роҷеъ ба ҷангҳо дар робита ба озодшавии Ленинград бисёр нақлҳо кард, ва барои китобхонаи мактабияшон асари худ "Ҷанг, ғалаба, қалбҳо, дардҳо"-ро, ки дар он метавон маълумоти пурраеро оиди ҷавонии ҷабҳавии Олег Дмитриевич ва ҳамяроқонаш пайдо намуд, эҳдо намуд. Собиқадори ҷанг бо эҳтимоми том чанд шеъри эҷодкардаи хешро ба сарбозбачагон бо камоли майл қироат кард.  

Олег Дмитриевич ҷоизаҳои зиёде дорад, аз қабили: ордени "Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1", медалҳои "Барои ҷасорат", "Барои мудофиаи Ленинград", "Барои озодкунии Прага", "Барои ғалаба бар Германия", "Ба мудофеи платсдарми Ораниенбаумский" ва дигар медалҳои ҷашнвораӣ.

Лентаи хабарҳо
0