Пас аз сӯхтор дар Кемерово сокинони Душанбе метарсанд ба “Садбарг” раванд

© © Улфатхоним МамадшоеваТорговый центр "Садбарг" в Душанбе
Торговый центр Садбарг в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи зиёди боздидкунандагон ва теъдоди ками зинапояҳо дар маркази тиҷорат, боиси ташвиши сокинони Душанбешаҳр гардидааст

ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik, Иззат Латиф. Маркази тиҷорати "Садбарг", ки дар маркази Душанбе воқеъ аст, пас аз сӯхтор дар Кемерово сокинони пойтахти Тоҷикистонро ба таҳлӯка овардааст.

Маркази савдои машҳур дар Душанбе ҳамеша пуродам аст. Дар ҳафт ошёнаи он шумо метавонед либос, пойафзол, техника, лавозимот ва бисёр чизҳои дигарро, пайдо кунед. Афзалияти асосии "Садбарг" маҳалли ҷойгиршавии он аст —  МТ дар мобайнтарин маҳалли Душанбе сохта шудааст, ки ба он роҳат ва осон расидан мумкин аст.

Мутаассифона, "Садбарг"-и имрӯза — як тонна пластика аз берун ва дарун, зинапояҳо ва даҳлезҳои душворгузар, ҳуҷраҳои тангу камҳаво бо теъдоди зиёди офис, мағоза, бутик ва устохонаҳо аст.

Баъди сӯхтор дар Кемерово, сокинони Душанбе аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки "Садбарг" ҳам бозомадагонашро зери хатар нагузорад.

 "Садбарг"-и пешину ҳозира  

Дар замони шуравӣ МТ зебогии Душанбе буд, ҳоло ин сохтмони қадимиву пластикии арзон аст. Бино соли 1978 дар сохта шудааст. Он вақт ин Хонаи маишӣ буд, ки дар зери сақфи он ошхона, либосшӯӣ, устохонаҳои таъмири маҳсулоти чармӣ, дӯконҳои таъмири соат, пойафзол ва либосдӯзӣ ҷойгир шуда буданд.

"Дар он солҳо бино яке аз иншоотҳои ултрамуосир бо намунаҳои беҳтарину аслии тарҳҳои сохтусози зинатӣ аз берун буд, на ин ки пластикаи ҳозира. Дар дохили бино бошад, даҳлезҳои кушоду барҳаво, сақфҳои баланд, офис ва кабинетҳои васеъу равшан буданд", — ба хотир меорад сокини шаҳр Мухтор Одинаев.

Ҳоло, ба фикри ӯ, аз он "Садбарг"-и кушоду барҳаво чизе боқӣ намондааст, бино ба дӯкон ва мағозаҳои ашёи қимматбаҳо тақсим шудааст.

Дар чанд ҳазор метри мураббаъ дафтарҳои кории ширкатҳои гуногун, шӯъбаҳои бонкӣ, нуқтаҳои операторҳои мобилӣ, мағозаҳои маҳсулоти саноатию хӯрокворӣ, либосфурӯшиву либосдӯзӣ, ҷавоҳирот ва дигар устохонаҳои таъмирӣ воқеанд. Ҳамчунин шумо метавонед дар он ҷо банкомату дорухона, марказҳои хизматрасониву мобилӣ, қаҳвахонаву ошхонаҳоро дастрас намоед.

Аз як тараф, ҳама чиз дар зери даст асту хеле қулай, вале аз тарафи дигар даромадан ба ин "мӯрчахона" хеле хатарнок аст.

 Фурӯшандагон ва харидорони "Садбарг" аз чӣ метарсанд?

Бо сабаби маъруфияти зиёд доштани "Садбарг", ба зери сақфи он фурӯшандагони бештар мехоҳанд "афтанд". Дар натиҷа одамон ва молҳо бештару бештар мешаванду, ҷойҳои холӣ ва тартиб камтару камтар.

"Бино чӣ аз берун ва чӣ аз дарун бо пластика пӯшонида шудааст: сақфҳои пасти пластикӣ, девор ва нимдеворҳои пӯшида бо он, мушоҳида мешаванд. Барои ҳамин ҳам, тобистон дар МТ гарму дамгир аст. Баъди Кемерово ман ҳамеша дар тарсам, ки ин ҷо низ сӯхтор бармехезад, вале чӣ илоҷ, бояд пул кор кард, оиларо таъмин намуд. Шояд чизе рух надиҳад", — мегӯяд Матлуба, соҳиби мағозаи либоси занона.

Сотрудник МЧС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтор дар маркази савдои "Персей" дар Маскав

Аз рӯи гуфтаҳои ӯ, бино соҳиби ягона надорад, ки барои ҳама чиз мушахассан ҷавоб диҳад, аз ҷумла амният.

Ҳар як метри мураббаи "Садбарг" фурӯхта шудааст. Байни соҳибони он ҳамоҳангсозӣ дар робита ба нигоҳдории марказ вуҷуд надорад.

"Дастгоҳҳои бисёри барқӣ истифода мешавад. Низоми ягонаи ҳавохунуккун вуҷуд надорад, ҳар як фурӯшанда бухориҳои барқии худро дорад. Тасаввур кардан душвор аст, ки агар симе даргирад, чӣ рух медода бошад", — шарҳ медиҳад вай.

Нафақахӯр Салим Аҳмадов низ бо чунин фикр розӣ аст.

"Аз ошиёнаи якум ба дуюм танҳо як зинапояи васеъ ва панҷ тангу ноқулай мегузарад. Аз ошиёнаи 2 то 7 фақат бо ду зинапоя баромадан мумкин аст. Ин мушкилот пеш меорад: одамон ниҳоят бисёранд, ҷойҳо ками дар кам. Агар мабодо дар "Садбард" сӯхтор сар занад, чӣ бояд кард? Чӣ тавр аз бино дар ҳолати фавқулодда баромадан мумкин аст?" — ба худ савол медиҳад вай.

Момент эвакуации из Зимней вишни - Sputnik Тоҷикистон
Дар интернет навори сӯхтори "Зимняя вишня" аз дохили бино ва гурехтани мардум пайдо шуд

Аз рӯи гуфтаҳои Саодат, соҳибзани мағозаи хурди атриёт, зимистон дар "Садбараг" дастгоҳи бонги хатари оташнишонӣ насб карда буданд, вале аз он лаҳза вайро ҳеҷ гоҳ насанҷидаанд. Фурӯшандагон шикоят мекунанд, ки дар маркази савдо ягон бор бонгҳои хатари санҷишӣ гузаронида нашудааст, ва касе намедонад, ки дар ҳолати сар задани сӯхтор ба куҷо гурезад.

"Пас аз сӯхтор дар Кемерово, ба "Садбарг" фавран оташнишонҳо омада буданд. Онҳо бо соҳибони маркази тиҷорӣ ҷанҷол бардоштанду, таҳдид карданд, ки тамоми нуқтаҳои савдоро мебанданд. Дар натиҷа ба хулосае омаданд, ки симҳоро иваз мекунанду халос. Аммо оё ин метавонад чизеро тағйир диҳад? Агар оташ дар куҷое аланга занад, онро хомӯш кардан амри маҳол аст. Одамон дар бино ниҳоят зиёданд, онҳо чӣ гуна наҷот хоҳанд ёфт? Масалан, аз ман пурсед, оё ман медонам, ки дар ҳолати оташ гирифтани бино ба куҷо гурезам?", — мегӯяд вай.

Харидорон бар он боваранд, ки тамоми марказҳои тиҷорат дар Душанбе бештар бояд тафтиш карда шаванд, зеро соле нест, ки дар шаҳр ягон бозори озуқаворӣ насӯзад.  

"Истифодаи пластикро дар корҳои сохтмонӣ бояд манъ кард, зеро вай зуд дармегираду, дуди заҳролуд мебарорад", — илова мекунад яке аз бозомадагон.

 Сӯхтор дар Кемерово

Охири моҳи март дар шаҳри Кемерово як сӯхтори калоне рух дод: маркази тиҷорати "Зимняя вишня" даргирифт. Манбаи оташсӯзӣ дар ошёнаи болоӣ буд, ки дар он ҷо майдончаҳои бозии кӯдакона бо атраксиону кинотеатрҳо ҷойгир буданд.

Ҳангоми сӯхтор дар бинои чорошиёнаи МТ 64 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 41 нафари онҳо кӯдакон буданд.

Аксари кӯдакон дар ин вақт дар дохили кинотеатрҳо буданд. Замони сар задани сӯхтор онҳо зинда ба зинда дар толори кинотеатр сӯхтанд, зеро роҳи баромади эҳтиётӣ маҳкам буд. Бисёриҳои дигар аз дуди ғализ ва гази карбогидрат ба ҳалокат расиданд.

Сабаби сӯхтори МТ "Зимняя вишня" иттисоли кӯтоҳи симҳои барқ буд. Иттисол шояд дар натиҷаи чакидани об аз сақф ба амал омада бошад. Барферо, ки аз болои боми сохтмон нарӯфта буданд, ба ошавӣ ва об бошад, ба симҳо чакиданро сар кард. Аввалан плафони пластикии сақфи хона аз дарун, дар болои ҳавзи хӯшки кӯдакона бо кубикҳои поролонӣ ба сӯхтан сар кард. Сониян оташ ба онҳо гузашт, ки пластикаи сӯхтаистода ба болои ҳавз чакидан гирифт.

Телеведущий Владимир Соловьев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соловёв: Маҳмуду Фарзонро қадрдонӣ кунед

Дар байни онҳое, ки мардумро аз ин сӯхтори пурдаҳшат наҷот доданд, ду шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд. Посбон Маҳмуд ва фурӯшанда Фарзон, ки ҳаёти худро зери хатар гузошта, 50 нафарро аз бинои сӯхтаистода берун бароварданд.

"Ман дуд ва волидонеро бо кӯдакҳояшон медидам, ки ба берун медавиданд. Ҳамоно се кӯдаки худамро ба ёд овардам. Мо ба тарафе давидем, ки аз он ҷо дуд мебаромад ва ба бароварданги одамон шурӯъ кардем. Да кӯча бесарусомонӣ буд. Ин замон чашми ман дар кӯча ба зане расид, ки истода буду фиғонзанон такрор мекард, ки се фарзандашро гум кардааст", — нақл кард яке аз қаҳрамонони мо.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин  Фарзон Салимовро барои нишон додани қаҳрамонӣ ҳангоми сӯхтор, бо медалу мукофорҳои арзанда қадрдонӣ намуд.

"Бастрикин таъкид кард, ки медалҳо — ҷангиянд ва ба он нафароне аъто мешаванд, ки

Аз рӯи шумораи қурбониҳо, сӯхтори Кемерово — яке аз чаҳор калонтарин дар Русия таи  100-и охир аст. Дар ҳамаи шаҳрҳои Русия ва кишварҳои хориҷа дар пайи ин сӯхтор рӯзи мотам эълон шуд. Сокинони Душанбе ва Хуҷанд ба назди сафоратхона ва консулгарии Русия дар ин шаҳрҳо омада, барои ёддошти хотираи фавтидагон гулу бозича гузоштанд.

Лентаи хабарҳо
0