Кӣ дар Тоҷикистон бештар аз ҳама музд мегирад?

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Музди миёнаи меҳнат дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон моҳи феврали соли равон тақрибан 1,5 ҳазор сомониро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Пасттарин музди миёнаи меҳнат дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон моҳи феврали соли равон, моҳонаҳои кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ ба қайд гирифта шудааст: тибқи маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон онҳо тақрибан 600 сомониро ташкил додаанд.

Баландтарин музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон — дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо аст. Ин ҷо 2,2 ҳазор сомонӣ ва дар сохтмон бошад, каме бештар аз 2 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Сипас соҳаҳои нерӯи барқ ва таъмини об меоянд. Коркунони ин соҳа 1,6 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Музди миёнаи меҳнат дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон моҳи феврали соли равон тақрибан 1,5 ҳазор сомониро ташкил дода буд, ки дар нисбати соли гузашта 8,9% зиёд шудааст.

Дар бахши хизматрасонии Тоҷикистон музди аз ҳама баландро коркунони миёнаравии молиявӣ — 3 ҳазор сомонӣ, нақлиёт, хоҷагии анбор ва иртибот — тақрибан 2 ҳазор сомонӣ, дар муомила бо амволи ғайриманқул, иҷора ва фаъолиятҳои тиҷоратӣ — камтар аз 1,5 ҳазор сомонӣ дарёфт мекунанд.

Умуман маоши миёнаи моҳона дар бахши хизматрасонӣ моҳи феврали соли 2018-ум 1 ҳазор сомониро ташкил дода буд, ки нишондод нисбат ба соли гузашта 2,2% афзудааст.

Лентаи хабарҳо
0