17:54 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Шиноснома, акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон низоми гирифтани раводиди Шенген тағйир ёфт

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Ҳуҷҷатҳои раводидро ширкати VisaMetric қабул хоҳад кард. Ширкат барои хизматрасониаш маблағи муайян мегирад

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Барои гирифтани раводиди Шенген ба наздикӣ дар Тоҷикистон маркази махсуси хизматрасонӣ нуқтаи қабули аризаҳои шаҳрвандонро ифтитоҳ мекунад.

Чунин низом аллакай дар дигар кишварҳо таҷриба шудааст, ки ба воситаи он тартиби пешниҳоди ариза барои гирифтани раводид осонтар ва тезтар мешавад.

Тавре дар вебгоҳи сафорати Олмон дар Тоҷикистон хабар дода мешавад,  дар Душанбе маркази раводиддиҳӣ рӯзи 30 апрел ва дар Хуҷанд  7 май ифтитоҳ мешавад.
Пас аз он сокинони Хуҷанд метавонанд барои пешниҳоди ариза  ба пойтахт наоянд.

Маълумоти бештарро метавон дар бораи нишона, соати корӣ ва вебгоҳҳои марказҳои раводиддиҳӣ аз вебгоҳи ширкат пайдо кунед.

Гуфта мешавад, марказҳои нави раводиддиҳӣ боиси камтар шудани интизориҳои мардум барои қайди пешниҳоди ариза мешавад.

Ҳарчанд дар ҳафтаи аввали кори марказ шумораи ками муштариён қабул карда мешаванд, аммо шумораи қабули пурсишномаҳо (анкета-шарҳ аз идора)зиёд карда мешаванд.

Имконияти пешниҳоди ҳуҷҷат бевосита  ба сафорат боқӣ мемонад. Аммо бо далели кам шудани қабули ҳуҷҷат дар сафорат,  мӯҳлати интизорӣ дарозтар мешавад.

Бо назардошти мӯҳлатҳои дастрасии ҳуҷҷатҳо ба/аз маркази раводиддиҳӣ, мӯҳлати пурраи дида баромадани аризаҳо  дар Хуҷанд 15 рӯзро ташкил медиҳад. Боҷи раводид кам ва ё зиёд намешавад, аммо ширкати хидматрасмон ҳаққи  хидматрасониҳояшро мегирад.

Барчаспҳо:
раводид, Олмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ