10:13 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
691 0 0

Ҳамзамон, раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳаи саноат тадбирҳои мушаххас андешанд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар рафти ҷаласа бо фаъолони вилоят дар бораи ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиивилоят дар семоҳаи аввали соли 2018 ба раисони шаҳри Конибодом, ноҳияи Зафаробод ва Ашт супоришҳои қатъӣ дод. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Аҳмадзода аз роҳбарон қатъӣ талаб кард, ки камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ кунанд.

"Раиси вилоят аз раисони шаҳру навоҳии Зафаробод, Конибодом ва Ашт пурсиш ба амал оварда, бобати ислоҳи камбудиву норасоиҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла истифодаи пурсамари заминҳои обӣ ва чарогоҳ, таъмини нақшаи андоз, бунёди муассисаҳои хусусӣ дар соҳаи маориф, солимгардонии ҷомеа, таъмири муассисаҳои фарҳангӣ, таъмин бо китобҳои дарсӣ, вусъати корҳои ободонӣ супоришҳои қатъӣ дод",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамзамон, раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ба кор даровардани  корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳаи саноат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Тавре дар маҷлис таъкид гардидааст, дар семоҳаи аввали соли 2018 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ)  ба андозаи 107,8  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 475,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 34,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ — марти соли 2018 500,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки баробари 110,2 фоизи ҳамин давраи соли  2017 мебошад.

Ҳаҷми воридот 364,6 млн. доллари ИМА — ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ  31,9 млн. доллар зиёд шуда бошад ҳам, ҳиссаи он дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ сол аз сол коҳиш ёфта истодааст.

Агар дар семоҳаи аввали соли 2017 ҳиссаи воридот 73,2 фоизи ҳаҷми савдои хориҷиро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 72,8 фоиз баробар шудааст, ки бозгӯи татбиқи босамари Барномаҳои давлатӣ дар самти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот мебошад.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 136,2 млн. доллариИМА — ро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи солисипаришуда 14,4 млн. доллар ё 11,8 фоиз зиёд мебошад.

Боиси зикр аст, ки соли 2018 бунёди 7 корхонаву коргоҳҳои коркарди шир ба нақша гирифта шуда, дар ин замина 55 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои коркарди шир дар шаҳрҳои Истиқлол, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, ноҳияҳои Деваштич ва Ҷаббор Расулов ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, соли 2018 дар вилоят бунёди 22 коргоҳи нави дўзандагӣ бо 284 ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст. Бояд қайд кард, ки давоми 3 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 11 корхонаву коргоҳи нави дўзандагӣ бо 184 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда,  дар ин давра ба маблағи умумии 59,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 29,5 млн. сомонӣ ё 2 маротиба зиёд аст.

Барчаспҳо:
камбудӣ, истеҳсол, супориш, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ