10:21 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Ҷангиёни ДОИШ, акс аз бойгонӣ

Як фармондеҳи дигари ДОИШ дар Димишқ кушта шуд

© AFP 2019 / TAUSEEF MUSTAFA
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
74 0 0

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки дар ҷараёни ин ҳамалот Абу Ҳишом Ал Хобурӣ ва Абу Алӣ Нафша ва масъули молии ин гурӯҳ аз пой даромадаанд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Се саркардаи ДИИШ  дар ҷараёни ҳамалоти пайдар пайи неруҳои сурӣ ба урдугоҳи "Ал Ярмук" ва маҳаллаҳои ҷануби Димишқ аз пой даромаданд.

Артиши Сурия, ки аз рӯзи панҷшанбе амалиёти поксозии маҳаллаҳои ҷануби Димишқро оғоз карда, ҳамчунон дар ҳоли идомаи амалиёти худ аст.

Вебгоҳи хабарии мухолифон "Ал Ҳурия" гузориш дод, ки дар ҷараёни бомбаборони шадиди мавозеи гуруҳҳои террористии ДОИШ дар урдугоҳи Ал Ярмук ду тан аз фармондаҳони ин гурӯҳ кушта шуданд.

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки дар ҷараёни ин ҳамалот Абу Ҳишом Ал Хобурӣ ва Абу Алӣ Нафша ва масъули молии ин гурӯҳ аз пой даромадаанд.

Дар авохири авгусит 2016 буд, ки Ал Хобурӣ ба унвони фармондеҳи ДОИШ дар ҷануби Димишқ интихоб шуда буд. Пеш аз ӯ Абу Саёҳ Тайёра, мулаққаб ба Фаррома, ин мансабро ӯҳдадор буд.

Манобеи сурӣ эълом карданд, ки ин саркардаҳо нишасте баргузор карда буданд, ки ҷангандаҳои сурӣ ин нишастро ҳадаф қарор доданд.

Ба гуфтаи манобеи мухолифон, Абу Ҳишом ҷузъи чаҳор шахсияти муҳимми ДОИШ дар ҷануби Димишқ, ба шумор мерафтааст.

Нафша низ яке аз масъулони муҳимми гурӯҳи ДОИШ дар ин минтақа будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки гуфта мешавад артиши Сурия бо ДОИШ ба тавофуқ расидааст, ки аз ҷануби Димишқ хориҷ шавад, вале ин тавофуқ низ то кунун иҷроӣ нашудааст.

Ба ҳамин далел, неруҳои сурӣ бо хумпора ва мушакҳои замин ба замин ва ҳамалоти ҳавоии бевақфа, террористҳоро бомбаборон мекунанд.

Барчаспҳо:
кушта шудан, ҷангӣ, ДОИШ, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ