Ҳушдор: барои се рӯзи охир дар Тоҷикистон тӯфону жола ва борону барф пешбинӣ мешавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСильный дождь в Москве
Сильный дождь в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки бехатариву амнияти худро ҳифз кунанд. Дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаҳову баҳру кӯлҳо ба қасди моҳидорӣ худдорӣ кунанд, аз ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳое, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд, даст кашанд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. КҲФ барои се рӯзи охир дар Тоҷикистон ҳавои номусоидро пешбинӣ мекунад.

"Кумита ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор медиҳад, ки се рӯзи оянда, Тоҷикистон дар гирдоби борону барф, раъду барқ ва тӯфону жола хоҳад монд", — менависад вебгоҳи КҲФ.

Гуфта мешавад, тайи ин рӯзҳо дар кишвар  болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, омадани сел, резиши санг аз эҳтимол дур нест.

Ҳамин тавр, аз 24 то 26-уми апрели соли равон обу ҳавои кишвар номусоид мешавад.

"Боронҳои шадид пешбинӣ шуда, дар баъзе манотиқ раъду барқ низ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани жола ҳам вуҷуд дорад",- менависад манбаъ.

Ҳарорати ҳаво рӯзона аз 8 то 10 дараҷа паст хоҳад шуд.

Инчунин Кумита ҳушдор медиҳад, ки 24-уми апрел дар вилояти Хатлон гарду ғубор ва тӯфони шадид дар назар дошта шудааст.

"Бар асари боронҳои шадид эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсӯ ва дарёчаҳое, ки дар водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд вуҷуд дорад. Хатари аз раъду барқ зарар дидани одамон низ кам нест. Сангрезиш ва омадани сел низ аз эҳтимол дур нест" — таъкид кардааст мабаъ. 

Кумитаи ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки бехатариву амнияти худро ҳифз кунанд. Дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаҳову баҳру кӯлҳо ба қасди моҳидорӣ худдорӣ кунанд, аз ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳое, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд, даст кашанд. 

Ба шахсоне, ки аз бемориҳои дил ранҷ мебаранд, тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёт бошанд ва миқдори кофии доруҳоро бо худ дошта бошанд. 

Лентаи хабарҳо
0