04:44 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
166 0 0

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳалли баҳси нерӯгоҳи Фарҳодро барои Душанбе ва Тошканд қадами муҳими стратегӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 25 апр— Sputnik. Парлумони Тоҷикистон созишномаи Тоҷикистону Узбакистонро дар бораи нерӯгоҳи Фарҳод, тасвиб кард.

Муҳофизати иншоот аз ҷониби Тоҷикистон анҷом дода шуда, хизматрасонии техникии он тавассути ҳукумати Узбакистон амалӣ карда мешавад, гуфт муовини вазири энержӣ ва оби Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни муаррифии созишнома.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳалли баҳси нерӯгоҳи Фарҳодро барои Душанбе ва Тошканд қадами муҳими стратегӣ гуфт.

Ба гуфти ӯ, бо имзо кардани Созишномаи ҳамкорӣ оид ба нерӯгоҳи Фарҳод, раисҷумҳурони ду кишвар рӯзи 9 март, ба мушкили умдаи миёни Душанбею Тошканд нуқта гузоштанд.

"Ин иншоот то ҳол барои Тоҷикистону Узбакистон обекти муҳими стратегӣ мемонад. Обанбори Фарҳод беш аз 45 гектар замини шимоли Тоҷикистон ва беш аз 330 ҳазор гектар замини Узбакистонро обёрӣ мекунад", — қайд кард Зуҳуров.

Тоҷикистон ва Узбакистон дар робита ба истифодаи муштараки иншооти мазкур таи 49 соли оянда, ба мувофиқа расиданд.

НБО Фарҳод (НБО-16) — нерӯгоҳи барқиву обии рӯи дарёи Сир буда, дар наздикии шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Узбакистон ҷойгир аст.

Нерӯгоҳи барқиву обӣ тибқи намуди дериватсионӣ сохта шуда, маҷмӯаи мураккабро мемонад, ки дар тӯли 22 километр ҷой гирифтааст.

Ба ғайр аз коркарди нерӯи барқ, НБО Фарҳод боз як қатор каналҳоро барои кишоварзӣ бо об таъмин мекунад.

Дар айни замон, таҷҳизоти НБО кӯҳна шуда, ба таъвиз ниёз дорад. Дар НБО чор муҳаррик насб шудааст, ки дутои онҳо тавлиди ширкати "Dominion Bridge" аз соли 1945, аст.

Барчаспҳо:
тасвиби созишнома, Парлумони Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ