20:26 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.38
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11+13 ва рӯзона +22+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб ва шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +4+6 ва рӯзона +22+24 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи шуда, гармии ҳаво шабона +13+15 ва рӯзона +26+28 гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +24+26 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво ба +10+12 расида, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад.

Барчаспҳо:
обу ҳаво, Агентии ҳавосанҷӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ