Тағйироти кадрӣ дар Суғд: Каримзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш таъин гардид

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мирзоқосим Каримзода 17 сентябри соли 1984 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Солҳои 2006 ва 2011 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқшинос хатм кардааст

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мирзоқосим Каримзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таъин гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, Каримзода бо фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли равон ба мақоми мазкур таъин гардидааст.

Мирзоқосим Каримзода 17 сентябри соли 1984 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Солҳои 2006 ва 2011 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Вай аз соли 2004 то инҷониб дар вазифаҳои мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд, омўзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ходими илмии Маркази илмӣ-тадқиқотӣ ва методии "Тоҷикистон: таърих, сиёсат, замони муосир"-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дотсенти кафедраҳои таърихи халқи тоҷик ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият бурда, солҳои 2014-2018 вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дошт.

Лентаи хабарҳо
0