07:23 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
344 0 0

Ҳамарӯза нозирони БДА шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба Узбакистон сафар мекунанд, ба риояи қонуну маданият ҳангоми қарор доштан дар хориҷи кишвар, даъват мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Милисаҳои тоҷик дар марз бо шаҳрвандони Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки Бозрасии давлатии автомобилӣ яке аз сохторҳои таркибии ВКД аст, ки хизмати берунаро ба уҳда дошта кормандони он нисбат ба дигар хадамотҳои мақомот, бештар бо шаҳрвандон рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба гузориши Вазорат, масъулини бозрасии давлатии автомобилӣ дар гузаргоҳи Патари шаҳри Конибодоми Тоҷикистон, ки бо ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбакистон ҳамсарҳад аст, бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузароннад.

"Ҳамарӯза нозирони БДА ба ин минтақа сафарбар гардида шаҳрвандонро ба риояи қонун ва маданиятнокӣ ҳангоми қарор доштан дар хориҷи кишвар дастур медиҳанд", — омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ронандагон хоста, ки дар Узбакистон қонуншиканӣ накунанд.

"Сафар намудан ба Ҷумҳурии Узбакистон бо автомашинаҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда қатъиян манъ аст", — қайд кардааст Вазорат.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи сафари расмии Шавкат Мирзиёев 9-10 март ба Тоҷикистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ дархост крада буд, ки масъалаи тамдиди муддати иқомати мувақатти шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни асноди иқомати муваққат дар Узбакистон аз се рӯз то як ҳафта тамдид кунанд.

Парлумони Тоҷикистон 19 марти соли 2018 Созишнома "Дар бораи рафту омади шаҳрвандон"-ро ба тасвиб расонд, ки дар рафти сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон имзо шуду мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ҳуқуқ доранд ба кишварҳои ҳамсоя бидуни раводид сафар карда, то 30 рӯз бимонанд, вале дар баробари ин агар сафари онҳо беш аз як шабонарӯз давом кунад, бояд асноди иқомати муваққатӣ гиранд.

Барчаспҳо:
риояи қонун, корҳои фаҳмондадиҳӣ, Вазорати умури дохила, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ