Миёни шаш мурда: Марям дар бораи зиндагии фоҷиабораш дар Ироқ нақл кард

© RussiaTodayТаджикская девочка Марьям, найденная в Ираке
Таджикская девочка Марьям, найденная в Ираке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Дар дасти падарам боре яроқ намедидем. Доим дар тан либоси сафед дошт ва ба масҷид мерафт. Ӯ дарс ҳам медод”,- нақл кардааст Марям

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Марям- кӯдаки даҳсолаи тоҷик, ки дар яке аз урдугоҳҳои Ироқ дар монда буд, ба Тоҷикистон бар гардонида шуд. Рӯзи 25 апрел Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки бо дастгирии мақомоти Ироқ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ Марям ва 3 кӯдаки дигари тоҷикро ба Тоҷикистон бар гардонидааст.

Бобои Марям- Маҳмадраҳим Шоев ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард, ки ягона нишонаи 7 пайвандаш дар бораи падару модар ва хоҳарони кушташудааш чӣ мегӯяд.

Ба нақли Марям, Ҷамолуддин Шоев — падари Марям бо ҳамсар ва панҷ фарзандаш мехостанд аз Миср ба Тоҷикистон бар гарданд ва бо ҳамин мақсад ба Туркия омаданд. (Дар ин бора пештар Шоев низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд-идора).

"Моҳҳои августи соли 2016 писарам ба ман занг зад, ки дар Туркия аст ва барои халос кардани ҷони худ ва ҳамсару фарзандонаш ба пул ниёз дорад",- ба хотир меорад бобои Марям.

Шоев маблағи лозимаро бо як нафар, ки ба Туркия парвоз дошт,  равон мекунад.

"Аммо писарам пулро мегираду 10-15 дақиқа дер мекунад ва ба ҳамин ӯву ҳамсар ва фарзандонашро ба Ироқ пеш мекунанд",- идома медиҳад вай.

Падари Ҷамолуддин  тавзеҳ дода натавонист, ки он маблағро писараш  ба кӣ медод ва чӣ гуна "ҷони фарзанду занашро мехарид".

"Ман намедонам, бо онҳо дар Туркия чӣ воқеа рух доааст",- гуфт вай.

Ба гуфтаи худи Марям, ҳамин тавр, хонаводаи ӯро аз Туркия ба Ироқ пеш кардаанд ва онҳо дар Ироқ тамоми ҳуҷҷатҳояшонро  гум кардаанд.

"Мо дар ҷӯстуҷӯи ҷойи тинҷе ба Сурия рафтем ва ҳудуди як сол дар он ҷо мондем. Баъд боз ба сарҳад омадем ва падарам бо пул моро ба марзи Ироқ гузаронид",- нақл кардааст Марям.

Духтарак гуфтааст, ки онҳо панҷ моҳи дигар  дар қишлоқе дар Ироқ монданд ва пас аз он ба ҷойи дигаре рафтанд.

"Падарам дар ҳамон ҷо кушта шуд. Рӯзе ӯ барои харидани хӯрока ба шаҳр меравам гуфту бар нагашт. Хабар расид, ки кушта шудааст. Аммо ӯро наёфтем ва модарам моро гирифта ба Мосул овард. Он вақт Мосул оромтар буд",- гуфтааст Марям.

16-летняя вдова боевика вынуждена ухаживать за пятью детьми: RT ищет родственников - Sputnik Тоҷикистон
Пайёми Оиша аз Бағдод: падару модарамро гум кардам

Марям дар Мосул нахуст модар ва хоҳарашо аз даст медиҳад.

 "Мо дар Мосул дар як хона меистодем. Ба наздикии он манзил бомб партофтанд. Ман ва хоҳарону додаронам ҷароҳати сабуктар бардоштем, аммо ба сари модарам ва як хоҳари хурдиам девор афтид. Касе набуд, ки моро беморхона барад. Ҳамон шаб он ҷо мондем ва саҳар модарам ва хоҳарам  ҳалок шуданд",- гуфтааст вай.

Марям дар идомаи нақлаш афзудааст, ки аз пас аз кушта шудани модараш додари хурдиашро гирифта ба манзили дигаре рафтааст. Як хоҳар ва як додари дигараш дар як хонаи дигар мондаанд.

"Саҳар бедор шудам, ки аз бағалам додарчаамро касе бурдааст. Хостам  манзили, ки додару хоҳари дигарам буданд равам, аммо дидам, ки он хона нест — бомб ба замин яксон кардааст",- афзудааст вай.

 "Ин тараф ва он тараф рафтам, ки касеро пайдо кунам. Охир ба назди як зани тоҷик рафтам, ки додарам дар дасти ҳамон зан будааст.  Аммо пас аз чанде вай зан ҳам бо додарам зери бомб монданд ва маро касе (дар хотир надорад кӣ-идора) ба бемористони Мосул бурд. Ман табобат гирифтам ва аз ҳамон ҷо маро ба урдугоҳ бурданд",- гуфтааст вай.

Бобои Марям меафзояд, ки гаштаву баргашта аз Марям дар бораи падараш мепурсад, ки "оё дар даст силоҳ дошт ё ҷанг мекард".

"Дар дасти падарам боре яроқ намедидем. Доим дар тан либоси сафед дошт ва масҷид мерафт. Дарс ҳам медод",- нақл кардааст духтарак.

Ситуация в Мосуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Урдугоҳи дигари тоҷикон дар Ироқ пайдо шуд

Аввалин навори мусоҳибаи Марям дар Ироқ бо рӯзноманигорони "Russia Today" ба забони русӣ моҳи августи соли гузашта мунташир шуд. Духтарак мегуфт, пайвандонашро ҷустуҷӯ дорад.

Моҳҳои март хабар дода шуд, ки пайвандони Марям дар Тоҷикистон ёфт шуданд.

Зодгоҳи падари Марям — Ҷамолиддин Шоев деҳаи Ғайратободи ноҳияи Ҳисор будааст.

Ба гуфтаи бобои Марям, падари Марям соли 2004 расман бо иҷозаи ҷониби Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳи Алазҳар ба Миср рафта будааст. Ӯ бо хонаводааш соле як маротиба ба ватан мемаданд ва пас аз чанде дубора ба Миср бар мегаштанд.

"Таҳсили писарам дар Миср расмӣ буд ва ӯ иҷозати кишварро гирифта буд, афзун бар ин вай ҳар сол ба Душанбе меомад ва пас аз 4 ё 5 моҳ ба Миср бармегашт", — нақл карда буд вай.

Таджикская девочка Марьям, найденная в Ираке - Sputnik Тоҷикистон
"Юсуфи гумгашта": Марям аз Ироқ бори дигар ба наздиконаш паём фиристод

Ҷамолиддин — падари Марям ва модараш Садбарг Шомирзоева соҳиби панҷ фарзанд будаанд, ки калонтарини онҳо Марям аст. Ҳамаи фарзандони вай дар Миср таваллуд шуда, бобои Марям мегӯяд, намедонад, ки фарзанди панҷумини онҳо чӣ ном дошт ва чандсола буд.

Ба гуфтаи Шоев, писараш бо ҳамсар ва фарзандонаш бори охир соли 2015 ба Тоҷикистон омаданд ва 6 моҳ дар ватан истоданд. Ҷамолиддин вақти рафтан ба падар гуфтааст, ки баъди хатими донишгоҳ ба Тоҷикистон бар мегардад.

Моҳи августи соли 2016 Ҷамолиддин ба падараш занг зада гуфтааст, ки дар Туркия дар роҳ ба Тоҷикистон қарор дорад. Падар пас аз он ҳама гуна  иртибот бо фарзандашро гум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0