08:26 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Бонки миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Бонки миллӣ мехоҳад муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои Шветсарияро барқарор кунад

© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкиро бо бонкҳои Швейтсария муҳим медонад

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бонки миллӣ мехоҳад муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои Шветсарияро барқарор кунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, мавзӯи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бонкӣ, ба хусус барқарор намудани муносибатҳои муросилотӣ зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳамтои швейтсарияш Томас Джордан ва Вазири молияи Швейтсария Ули Мауер баррасӣ шуд.

Дафтари матбуотӣ меафзояд, Ҷамшед Нурмаҳмадзода масъалаи барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсарияро муҳим донист ва аз Бонки миллии Швейтсария хоҳиши мусоидат ба раванд шуд.

Раиси Бонки миллии Шветсария Томас Джордан аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.

"Шветсария барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти устувории низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон омода аст" — гуфтааст вай.

Инчунин дар мулоқоти мазкур Вазири молияи Швейтсария Ули Мауер ширкат дошта бо ҷониби Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои муҳимми иқтисодиётро баррасӣ намуд.

Аз ҷумла зимни мулоқот масъалаҳо дар бахши захираҳои энергетикӣ ва эҳтимолияти дар доираи ёддошти тафоҳум ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ширкат дар лоиҳаҳои хусусияти минтақавидоштаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Барчаспҳо:
Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ