02:11 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
326 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хонаводаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Имрӯз соати 5:10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоир изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон омадааст: "Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.

Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст.

Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум  боқӣ хоҳад монд".

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.

Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.

Мавзуъ

Даргузашти шоири номдори тоҷик Бозор Собир
Мақомоти Тоҷикистон барои табобати шоир Бозор Собир маблағ ҷудо кард
Намояндагони Сафорат то ҳол дар сари болини Бозор Собир ҳастанд
Аҳволи Бозор Собир дар Амрико вазнин шудааст
Барчаспҳо:
изҳори таслият, Бозор Собир, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ