15:50 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Барф. Акс аз бойгонӣ

Барфи ғайриинтизор: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33610

Имрӯз, 2 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст.

Дар  вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кутоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Бод аз сӯи ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +16 +21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои боронӣ пешбинӣ гардида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона +12 +17 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +25 +27 дараҷа гарм мешавад. Шабона  ҳарорати ҳаво +11 +13 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
барф, боду ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ