13:15 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
680 0 0

Сохтори хадамот аз раис, муовинони ӯ, бахши ташрифоти раисҷумҳур, бахши қабули намояндагон ва маросимҳо ва бахши интиқолӣ иборат аст

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Минбаъд дар Тоҷикистон маросимҳо бо ширкати Раҳмон ва хонаводаашро хадамоти вижа назорат мекунад, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, дар кишвар хадамоти суратмаҷлиси раисҷумҳури Тоҷикистон ташкил гардид, ки он таъминоти маросимҳо бо ширкати раисҷумҳур ва аҳли хонаводаашро дар дохили кишвар ва хориҷ назорат хоҳад кард.

Хадамоти суратмаҷлиси раисҷумҳур дар маросимҳое, ки таҳти раиёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, ё ниҳодҳои мушоварии вобаста ба раисҷумҳур бо фармоиши ӯ баргузор мекунанд, низ ширкат хоҳад кард.

Хадамот бахши сохтории дастгоҳи иҷроия буда ва он ба Эмомалӣ Раҳмон ва раиси дастгоҳи раисҷумҳур гузоришдиҳанда хоҳад буд.

Дахолати соири ниҳодҳои ҳукумати давлатӣ, ё ашхоси соҳибмақом ба фаъолияти ин хадамот мамнӯъ мебошад.

Сохтори хадамот аз раис, муовинони ӯ, бахши ташрифоти раисҷумҳур, бахши қабули намояндагон ва маросимҳо ва бахши интиқолӣ иборат аст.

Барчаспҳо:
хадамот, назорат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ