Фарзонаи Хуҷандӣ барандаи ҷоизаи "Килки Заррин"-и Афғонистон шуд

© Фото : Аккаунт в Facebook / Иноят ХоджаеваФазона - народная поэтесса Таджикистанна
Фазона - народная поэтесса Таджикистанна - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол дар озмуни "Килки заррин"-и Афғонистон 30 адиби афғон ширкат кардаанд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Шоираи маъруфи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ барандаи ҷоизаи озмуни "Килки Заррин"-и Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.

Озмуни "Килки Заррин" 23 апрели соли 2018 аз ҷониби Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон натиҷагирӣ шуда, ҷоизаи Фарзонаи Хуҷандӣ аз ҷониби мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Наҷибуллоҳ Маналай ба намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон барои расонидан ба шоира тақдим гардидааст.

Озмуни "Килки Заррин" аз соли 2010 инҷониб бо ташаббуси Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон доир шуда, дар он ҳамасола шоирон ва нависандагони афғон бо пешниҳоди китоб ва шеърҳояшон иштирок мекунанд.

Имсол дар ин озмун 30 адиби афғон иштирок доштанд.

Бори нахуст китобҳо ва шеърҳои адибаи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ дар ин озмун пешниҳод шуда, барандаи ҷоизаи "Килки Заррин" гардид.

Лентаи хабарҳо
0