11:44 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Роҳгузарон дар кӯча, акс аз бойгонӣ

Раъду барқ ва борон: обу ҳаво барои имрӯз

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Имрӯз, 5 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯи гардида, ҳаво шабона +12 +17 ва рӯзона +27 +33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳи боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +27 +29 дараҷа ва шабона +11 +13 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
борон, раъду барқ, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ