12:57 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
32710

Дар зимистон мурдан нағз нест… ҳаво сард, одамҳо азоб мекашанд. Дар баҳор мурдан ҳайф аст. Сабзаву гулҳо поймол мешаванд. Тобистон ҳам ба мурдан мувофиқ нест, ҳаво сӯзон, замин сахт… Тирамоҳ беҳтар… – гуфт ва табассум ба лаб, озмоишкорона ба мо нигариста афзуд: — Фасли хазонрез, фасли мурдан аст тирамоҳ…

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Нависандаи мардумии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар бораи хотираҳояш аз шоири марҳум Бозор Собир нақл кардааст.Вай мегӯяд, боре устоди сухан шоирона аз мурдану фаслҳои сол ёдрас шуда буд.

" Дар зимистон мурдан нағз нест… ҳаво сард, одамҳо азоб мекашанд. Дар баҳор мурдан ҳайф аст. Сабзаву гулҳо поймол мешаванд. Тобистон ҳам ба мурдан мувофиқ нест, ҳаво сӯзон, замин сахт… Тирамоҳ беҳтар… — гуфт ва табассум ба лаб, озмоишкорона ба мо нигариста афзуд: — Фасли хазонрез, фасли мурдан аст тирамоҳ…",- ба ёд меоварад адиб.

Вай афзудааст, "овозаи омад-омади устод Бозор Собир ба Ватан моҳҳо идома ёфт. Интизораш будем. Вале сад дареғ, ки хабари нохушу ҷонгудози маргаш расид".

Абдулҳамид Самад менависад, устод Бозор Собир бо ҳунари волои тасвиргарӣ ва шеваи тозаи шеъргӯӣ дӯстдори адибони нисбатан ҷавону хонандагон буд. Кам менавишту зебо. Китобакҳое дер-дер ба нашр мерасонду аз ҷониби мухлисон гарм пазироӣ меёфт:

Дар як бино кор мекардем. "Офтобниҳол"-аш чоп шуд. Нусхае дар даст барои соядастгирӣ наздаш даромадам. Саргарми таҳрири шеърҳои шоири ҷавоне буд.

— Мавлоно, муборак бошад! — гуфтам. Хаёлманд сар бардошт ва чун ҳамеша орому саволомез сӯям нигарист: яъне чӣ мехоҳӣ?
— Агар озмуни тунуктарин китоб баргузор мешуд, — гуфтам ҳазломез, — бо ин маҷмӯа бебаҳс ҷойи аввалро мегирифтӣ… Ягон сухан навис.
Ӯ зоҳиран бепарво китобро гирифту варақ зад ва даме ба хаёл рафта, сипас бо ҳарфҳои лундаи хоно ин байтро навишта, акнун бо чеҳраи равшану хандаи ширини Бозорона онро ба ман дод.

Шеъри ман чун чапотии Кӯлоб,
Ҳаст тунуки хӯрданбоб.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки шоири зиндаёд Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад. Дар ин бора қарори вижаи шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба тавсиб расидааст.

"Марҳум Бозор Собир —шоири халқии Тоҷикистон дар Оромгоҳи мемориалии Лучоби шаҳри Душанбе дафн карда шавад",- гуфта мешавад дар банди аввали қарор.

Тибқи санади мазкур бояд муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Т.К., директори муассисаи давлатии "Раёсати оромгоҳҳо"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҷидов Р.Ҳ. ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маросими дафни шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Барчаспҳо:
фасл, шоир, Абулҳамид Самад, Бозор Собир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ