Арабҳо бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон шинос шуданд

Обуна шудан
Тоҷикистон як қатор тарҳҳои сармоягузориашро ба ҷониби Подшоҳии Арабистони Саудӣ пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар Душанбе Форуми муштараки сармоягузории Тоҷикистону Подшоҳии  Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорати идораҳовусоҳибкорони Тоҷикистон ва сармоягузорони  Арабистони Саудӣ иштирок доштанд.

"Дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва содда гардондани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд",- гуфт дар рафти форум Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ.

Женщины в Мельничной колоннаде - Sputnik Тоҷикистон
Нақли профессори араб дар бораи зиндагии бонувони пешқадами Саудӣ

Зимни баргузории  чорабинӣ роҷеъ ба имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиётӣ ибрози назар намуда, таҳким бахшидани ҳамкории мутақобилан судмандро дар ин самтҳои муҳими ҳамкорӣ мувофиқи мақсад шумориданд.

Ҳамзамон тавассути навори видеоӣ имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Дар идомаи чорабинӣ мусоҳибаи байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҷонибҳо (В2G) ва нишаст дар формати соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, аз ҷонби бахши хусусии кишвар як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омузиш ба ҷониби Подшоҳии Арабистони Саудӣ пешниҳод карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0