19:38 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
28610

Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Ҷасади шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир рӯзи 14 май аз Амрико ба  Душанбе оварда хоҳад шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА. 

Пештар хабар дода шуд, ки ҷанозаи Бозор Собирро ба Тоҷикистон меоранд. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш дода буд, ки ҷасади шоир аз Амрико ба Ватан биёранд.

Наздикони шоир гуфтанд, ки бо ин иқдоми Тоҷикистон розиянд, аммо ҳоло рӯзи маросими дафн маълум нест.

Қарор аст, шоири зиндаёд Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шавад. Дар ин бора шаҳрдори шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ қарори вижаи ба тавсиб расидааст.

Ёдрас мешавем 1 майи соли 2018 шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз олам даргузашт.

Чанде пеш, аҳволи шоири номдор Бозор Собир дар Амрико бад шуд. Ӯро наздики як моҳ дар шӯъбаи эҳёи яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл табобат карданд.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.

Барчаспҳо:
ҷаноза, Бозор Собир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ