Маҳсулоти арзон: дар Хуҷанд бахшида ба моҳи Рамазон ярмарка баргузор шуд

© Дафтари матбуотии раиси шаҳри ХуҷандНамоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд
Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як кило сабзӣ 0,80 дирам, картошка 2 сомонӣ, карам 1 сомонӣ, гӯшти гов 27-30 сомонӣ, гӯсфанд 35 сомонӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуданд

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Субҳи имрӯз бо ибтикори Ҳукумати вилояти Суғд ва  шаҳри Хуҷанд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Бино бар иттилои дафатари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд, дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешниҳоди сокинон намуданд.

"Чуноне, ки маълум шуд, як кило сабзӣ 0,80 дирам, картошка 2 сомонӣ, карам 1 сомонӣ, гӯшти гов 27-30 сомонӣ, гӯсфанд 35 сомонӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ярмаркаи мазкур аз тарафи корхонаҳои ордбарорӣ, аз ҷумла як халта орди навъи якуми 50 килогӣ аз тарафи ширкати "Фатир" ба маблағи 110-115 сомонӣ фурӯхта мешуд, ки ин миқдор навъи орд дар бозор беш аз 140 сомониро ташкил медиҳад.

Интизор меравад, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ пагоҳ яъне 13 майи сори равон дар мавеъи номбурда ташкил карда мешавад.

Ёдрас мешавем, пештар Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълом кард, ки моҳи Рамазон рӯзи 17 май шурӯъ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0