06:37 23 майи 2018
Пахши мустақим
Шамсиддин Орумбекзода

Орумбекзода ба хона- музейи Айнӣ асари рассомӣ-графикӣ тақдим кард

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Мусаввараи Қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ аз ҷониби рассом Пайрав Ғаниев дар жанри графика иҷро шудааст

ДУШАНБЕ, 13 май- Sputnik. Вазортаи фарҳанги Тоҷикистон ба хона-музеи Садриддин Айнӣ асари рассомӣ-графикӣ тақдим кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ин ниҳод.

Рӯзи 8 май вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Хона-музейи Садриддин  Айнӣ боздид карда бо сармуҳофизи муассиса Моҳшариф Табарова дар бораи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти хона-музей суҳбат кардааст.

"Аз номи Вазорати Фарҳанги  Тоҷикистон ба Хона-музейи Садриддин  Айнӣ мусаввараи Қаҳрамони миллат Садриддин Айнӣро, ки аз ҷониби рассоми хушсалиқа Пайрав Ғаниев дар жанри графика иҷро шудааст, тақдим намуд", — омадааст дар хабарнома.

Асари Пайрав Ғаниев дар жанри графика
© Фото : Аз Вазорати фарҳанг
Асари Пайрав Ғаниев дар жанри графика
 

Тӯҳфаи мазкур ба муносибати 140-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони миллат устод Садриддин Айнӣ супорида шудааст.

Садриддин Айнӣ-нависандаи тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, олим, муаллифи осори таърихӣ ва адабии мардуми Осиёи Марказӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.

Номи воқеъии ӯ-Садриддин Саид-Муродзода аст.

Навсианда 27 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктари ноҳияи Бухоро (Узбакистони имрӯза) ба дунё омадааст.

Айнӣ бо ходимони намоёни даврони худ аз қабили Садри Зиё, домулло Икромча в дигарон ошно буд. Садриддин Айнӣ ҳамчунин аз узви фаъоли ҳаракати ҷадидони замони худ буд.

Ӯ дар барқарорсозии ҳокимияти Советӣ дар Бухоро фаъол буду аслан бо корҳои адабӣ машғул буд.

Садриддин Айнӣ осори гаронарзишеро навишта ва боқӣ мондааст. Асарҳои ӯ аз ҷумла: "Одина", "Дохунда", "Ятимон", "Марги судхӯр", "Ёддоштҳо" ва ғайра мебошад.

Аз 14 апрели соли 1951 Садриддин Айнӣ-президенти Академияи илмҳои Тоҷикистони советӣ буд.

Ӯ бо И.В. Сталин, М. Горкий, Я. Колас, Ю. Фучик ва С.П. Бородин дидору мулоқот кардааст.

Садриддин Айнӣ бо ҷоизаи дараҷаи дуввуми ба номи Сталин (1950) бари китоби "Ёддоштҳо", бо се ордени ба номи Ленин, медали Меҳнат қадрдонӣ шудааст.

Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистони советӣ, академики Академияи илмҳои Узбакистони советӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон будааст.

Ба номи Садриддин Айнӣ ноҳияҳо, кӯчаҳо, театру донишгоҳҳои зиёде дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон гузошта шудаааст.

Садриддин Айнӣ 15 июли соли 1954 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) даргузашт.

Дар шаҳри Душанбе Хона-музеи Садриддин Айнӣ воқеъ аст, ки дар он ёдгориҳои зиёде аз зиндагии нависанда нигоҳ дошта мешавад.

Барчаспҳо:
тақдими асари рассомӣ, Садриддин Айнӣ, Шамсиддин Орумбекзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ