Чор рӯз дар Тоҷикистон борону жола меборад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЛивень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 16 то 19 май дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва жола, инчунин ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва боридани борону жола пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 16 то 19 май дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва жола, инчунин ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорати ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст мефарояд. Аз 16 то 18 май дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли фаромадани сел пешбинӣ мешавад.

Гроза в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Раъду барқ ва борону жола: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, 15 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, шабона дар баъзе минтақаҳо боридани барф пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +6 +11 ва рӯзона +16 +21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ гардида, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб то 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйрёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +25 +27 дараҷа ва шабона +11 +13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0