03:57 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Барф дар Душанбе

Барф меборад: то 20 май ҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62310

Аз 16 то 20 май дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва жола, инчунин ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки дар ҷумҳурӣ то 20 май ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва  дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст мефарояд.

Имрӯз, дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +21 +26 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шабона дар баъзе минтақаҳо боридани барф пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +4 +9 ва рӯзона +15 +20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ гардида, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб то 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйрёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +20 +22 дараҷа ва шабона +12 +14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
барфу борон, обу ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ