06:31 23 майи 2018
Пахши мустақим
Моҳи Рамазон.Акс аз богйонӣ

Муборак! моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон фаро расид

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6810

Ҳар мусалмоне, ки худро барои гирифтани рӯза омода кардааст ва холисона рӯза медорад, гуруснагиву ташнагии ин рӯзҳои гарму тӯлониро таҳаммул хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Раёсати Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муайян кард, ки моҳи шаъбон 16-уми май ба анҷом мерасад ва 17-уми май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон имсол ҳам ба мавсими гармтарини сол рост омад. Вале ҳар мусалмоне, ки худро барои гирифтани рӯза омода кардааст ва холисона рӯза медорад, гуруснагиву ташнагии ин рӯзҳои гарму тӯлониро таҳаммул хоҳад кард.

Рамазон яке аз панҷ рукнҳои Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми 30 рӯз, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд. 

Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.

Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст. Барои беморон, пиронсолон, кӯдакон, занони ҳомиладор ва ҳамаи онҳое, ки шароити сангини доштани рӯза метавонад барои саломатӣ ва зидагияшон хатар эҷод кунад, каме сабукӣ пешбинӣ карда мешавад.   

Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд. Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.

Барчаспҳо:
рӯзадорӣ, оғоз, моҳи Рамазон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ