20:21 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
276 0 0

Шаҳрдори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили рӯзи байналмилалии муҳити зист қарор кардааст.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тибқи қарори шаҳрдори Душнбе Рустам Эмомалӣ 5 июни соли 2018, соати 18:00 дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Душанбешаҳр — маскани зебогӣ ва озодагист" баргузор хоҳад шуд.

Рустам Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои алоқаманди барои татбиқи саривақтии ҳамоиши мазкур тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ рӯзи 5 июн соати 18:00 дар "Наврӯзгоҳ" баргузор хоҳад шуд.

Дар ин росто, раёсатҳои ВКД, Кумитаи давлатии амният, тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ ва бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми баргузории чорабинӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Тоҷикистон баргзор хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
чорабинӣ, ҳамоиш, Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ