22:48 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Қоҳир Расулзода, акс аз бойгонӣ

Супориши нахуствазир ба раиси Суғд: иншоотро ба сифати баланд созед

© Сайт президента Кыргызской Республики
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1124 0 0

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Конибодом ва Хуҷанд боздид карда, бо рафти корҳои бунёдкорӣ ошно гардидаанд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Рӯзҳои 17 — 18 май сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бабо ҷараёни корҳоирои ошноӣ бо ободониву созандагӣ, ки ба истиқболи 30 — солагии истиқлол дар вилоят идома дорад, ба вилояти Суғд сафар кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати Суғд.

Дар ин сафар нахуствазирро раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳӣ кардааст.

Қоҳир Расулзода ва Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Конибодом ва Хуҷанд боздид намуда, бо рафти корҳои бунёдкорӣ шинос гардидаанд.

"Зимни шиносоиҳо сарвазир барои бо сифати баланд ба истифода додани иншооти муҳими иҷтимоӣ ва таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳбарияти вилоят ва сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас дод", — омадааст дар хабарнома.

Ёдоварӣ мешавем, ки имсол Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора муовини якуми вазири фарҳанг Ибодулло Машраб хабар дода, зикр карда, ки аҳли ҳунар бояд барои барномаҳои фарҳангӣ суруду оҳангҳои нав пешниҳод намоянд.

Барчаспҳо:
боздид, супориш, Раҷаббой Аҳмадзода, Қоҳир Расулзода, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ