17:24 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37710

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҷавонони фаъолу болаёқати муассисаҳои таълимӣ, гурӯҳи ҷавонони "Авангард" ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар Китобхонаи миллӣ дидор кардааст

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Рамазон Раҳимзода зимни суханронии худ қайд кардааст, ки ин вохӯрӣ бо ҷавонон дар ҳошияи мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони фаъоли ҷомеаи кишвар баргузор гардида истодааст.

Вазири корҳои дохилӣ суханони раисҷумҳурро дар бораи таълимоти имоми Аъзам дар ин дидор ба ҷавонон расонидааст.

Ӯ гуфтааст, тавре дар суханронии пурмуҳтавои худ Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст: "махсусан, таълимоти пири мазҳаби мо — Имоми Аъзам ва шогирдони ӯ, ки намунаи олии тарғиби исломи муътадил ба ҳисоб меравад, барои мардуми мусулмони мо басо зарур мебошад.

Вобаста ба моҳи шарифи Рамазон дар таълимоти пешвои мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам таъкидҳои зиёд ҷой дошта, аз ҷумла ӯ худдорӣ намудан аз суханҳои ношоиста ва рафтори нописандида, яъне нигоҳ доштани покии забон ва амалҳои шоистаро амри ҳатмӣ дониста, одоби баланди муошират ва бо муҳаббату самимият муомила кардан ба наздикону атрофиёнро шарти муҳимми тақводорӣ медонист ва риояи онро аз тарафи пайравонаш воҷиб мешуморид.

Умуман, пок нигоҳ доштани забон ва риояи маданияти муошират беҳтарин нишонаи миллати соҳибтамаддун мебошад".

Дар идомаи вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни суханронии Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, муҳтавои онро ба ҷавонон шарҳу эзоҳ додааст.

Инчунин, дар баромади худ вазир оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунию қонуншиканиҳо, нашъамандӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ байни ноболиғону ҷавонон ибрози андеша намуда, онҳоро ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокӣ, фарҳангу маданият, илму дониш ва омӯхтани таъриху тамаддуни миллати тоҷик ҳидоят намудааст.

Вазири корҳои дохилӣ дар ин ҷаласа ба махзани Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 1000 адад китобҳои илмӣ, бадеӣ, дарсӣ ва методӣ, ба директори Китобхонаи мазкур тақдим кардааст.

Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ