22:41 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10510

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо роҳбари ширкати "PwC" (PricewaterhouseCoopers) Сунил Малҳотра мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ҳадафи ин дидор ҷалби сайёҳони Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон мебошад, хабар медиҳад кумитаи сайёҳии Тоҷикистон.

Амороти Муттаҳидаи Араб бо Тоҷикистон хатсайри мустақими ҳавоӣ дошта, барои сафар намудани сайёҳони як қатор кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон мусоидат карда метавонад.

Гуфта мешавад, ки ба роҳбари ширкати "PwC" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла, сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, куҳнавардӣ ва шикор муаррифӣ гардида, оид ба имтиёзҳои андозию гумрукии ба соҳаи сайёҳӣ иттилоъ дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ширкати "PwC", ки дар як қатор мамлакатҳо фаъолият мекунад, ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, шароити ҳуқуқии будубоши сайёҳон ва имтиёзҳои андозию гумрукии пешниҳодшуда мароқ зоҳир намуда, ҳавасмандии худро барои сафарбар намудани сайёҳон ба минтақаи Варзоб, Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара", Искандаркул, Қалъаи Ҳисор ва шаҳри Душанбе изҳор намуд.

Аввали соли равон дар АМА "Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии тоҷик дар АМА" баргузор шуд.

Дар ҳафтаи ҳунарӣ мардуми араб бо ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбофт ва ғайра ошно шуданд.

Барчаспҳо:
ҷалби гардишгарон, Кумитаи сайёҳӣ, Тоҷикистон, АМА

Мавзӯъҳои асосӣ