04:15 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Рустам Эмомали. Акс аз бойгонӣ

Қарори Р. Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи кӯдакон дар сатҳи олӣ

© Официальный сайт Федерации футбола Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Рустам Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахти Тоҷикистон дар сатҳи олӣ таҷлил шавад

ДУШАНБЕ, 25 май- Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ нақшаи барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро тасдиқ кардааст.

Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ, 1 июн таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар сатҳи баланд ташкил хоҳад шуд.

Дар ин рӯз барномаҳои  фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ ташкил карда хоҳанд шуд.

Инчунин раиси шаҳр дастур додааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии барномаҳои мазкурро таъмин намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад.

 

Барчаспҳо:
Рӯзи кӯдакон, 1-июн, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ