Аз аввали соли равон 129 наврас дар ҶТ хонаҳояшонро тарк карданд

© Пресс-служба МВД РТТаджикская милиция проведет разъяснительные работы не границе с Узбекистаном
Таджикская милиция проведет разъяснительные работы не границе с Узбекистаном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба коркандони гурӯҳи оперативӣ-тафтишӣ муяссар гардид то 112 наврасро, ки волидайнашон барои ҷустуҷӯи онҳо дархост пешниҳод кардаанд, ёбанд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон таи чор моҳи охир асомии 129 нафар ноболиғон ба рӯйхати нопадидон ворид карда шудааст, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА бо истинод ба гуфтаҳои сардори хадамоти кор бо ноболиғони ВКД ҶТ Файзиддин Назарзода.

Дар айни замон, ба кормандони милитсия муяссар шудааст, ки 112 наврасро аз ин рӯихат ҷустуҷӯ карда, пайдо намоянду бомуваффақият ба хонаҳояшон баргардонанд, аммо ҷустуҷӯи 12 нафари боқимонда, ҳанӯз идома дорад.

Ба андешаи Назарзода, сабаби нопадидгардии наврасон бемасъулиятии волидайнашон аст, ки амалҳои фарзандони худро бе назорат мегузоранд. Ӯ қайд кард, ки аксари наврасони нопадидгардида аз оилаҳои камбизоатанду, падару модарашон ҳамроҳ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

"Ин гуна кӯдакон аз ҷониби хешовандони наздики худ тарбия мегиранд. Бисёр мешавад, ки онҳо бидуни нигоҳубин мемонанду, хонаҳояшонро тарк мекунанд", - шарҳ дод вай.

Утренняя молитва в мечети в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Роҳнамоии имом-хатиб барои таътилгузаронӣ: аз хатари смартфонҳо то андарзи Саъдӣ

Дар айни замон, Назарзода қайд кард, ки аксар вақт кӯдаконеро, ки дар деҳот гум шудаанд, аз шаҳри Душанбе пайдо мекунанд. Маҳз ба он ҷо, тибқи гуфтаҳои ӯ, наврасони бепарастормонда барои дарёфти қути лоямут, мешитобанд.

Дар Тоҷикистон ноболиғон аксаран хонаҳои худро тарк мекунанду ба бероҳагӣ машғуланд. Моҳи сентябри соли гузашта ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар гардид то хоҳарони гумшада Ашуроваҳоро ҷустуҷӯ карда, ёбанд.

Духтаракони ноболиғи сокинони Душанбе ба волидайни худ гуфтаанд, ки ба мактаб мераванд, вале дигар барнагаштаанд. Пастар онҳоро кормандони гурӯҳи оперативӣ-тафтишӣ пайдо намуда, ба хонаашон баргардонидаанд.

Лентаи хабарҳо
0