Муборак! аҳолии Тоҷикистон 9-миллион нафар шуд

CC0 / Pixabay / Новорожденный. Архивное фото
Новорожденный. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон ба зудӣ номи тифли хушбахт ва рақами таваллудхонаро эълом хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Аҳолии Тоҷикистон ба нӯҳ миллион нафар расид, хабар медиҳад Ожонси омори Тоҷикистон.

"Шаҳрванди 9-милионуми Тоҷикистон дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ба дунё омад. Ҳукумати Тоҷикистон ба зудӣ номи тифл ва рақами таваллудхонаро эълом хоҳад кард",-қайд мекунад Ожонси омор.

Младенец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон интизори ба дунё омадани шаҳрванди 9-миллионаи худ аст

Ҳамин тавр то имрӯз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ба нӯҳ миллиону 30 нафар мерасад.

Тибқи маълумоти расмӣ аҳолии Тоҷикистон ҳамасола то 2,2 дарсад ё худ 200 кас меафзояд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2018 аҳолии Тоҷикистон 8 млн. 931 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар се моҳи соли ҷорӣ аҳолии кишвар ба 8 млн. 973 ҳазор нафар расид.

Дар маҷмӯъ дар ин давра дар Тоҷикистон 20 ҳазор тифли навзод ба дунё омадааст.

Соли гузашта зоиш дар Тоҷикистон 7 баробар зиёдтар аз марг будааст. Соли 2017 дар Тоҷикистон 227,3 ҳазор тифли навзод ба дунё омадааст, вале миқдори марг дар ин давра ба 32,8 ҳазор расидааст.

Дар ҳамин ҳол, дар соли 2017 нисбат ба соли қаблӣ теъдоди тифлони навзод 1,3% кам шудааст. Камзоишӣ дар вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобъеи марказ мушоҳида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0