Донишҷӯе дар Душанбе се духтар ва як писар ба дунё овард

© © ГАУ МО "Можайское информагентство"Новорожденные дети, архивное фото
Новорожденные дети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонаводаи Неъматовҳо шодии чоркарата доранд: модари ҷавон чаҳор кӯдак ба дунё овард

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Донишҷӯе дар шаҳри Душанбе чоргоник ба дунё овард, хабар дод раиси дастгоҳи шаҳри Бохтар Ҷумъахон Меҳмондӯстзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти ӯ модари хушбахт донишҷӯй-Заррина Неъматоваи 22-сола мебошад.

Заррина дар шаҳи Бохтар (Қуғонтеппа) ба дунё омадаву бузург шудааст. Дар ҳоли ҳозир ӯ ҳамроҳи ҳамсараш дар яке аз макотиби олии шаҳи Душанбе таҳсил мекунад.

Падари чаҳор кӯдак дар курси 7-уми Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад.

Заррина се духтар ва як писар ба дунё овард. Тифлони навзод аз 1600 то 1900 грамм вазн доранд. Писарча аз ҳама бузургтар аст.

Аллакай номҳои тифлони навзод муайян шудааст.

"Писаракро Ҳумоюн ном карданд, духтарон-Ҳумайра, Ҳуррия ва Ҳуснизар",- гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон модари Заррина-Нигина Убайдуллоева.

Новорожденный. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муборак! аҳолии Тоҷикистон 9-миллион нафар шуд

Ӯ гуфт, ки чоргоникҳо тариқи буриши қайсарӣ аз батни модар берун бароварда шуданд. Ҳукумат ваъда карда, ки ба ин хонаводаи ҷавон кӯмак мекунад, чун нигоҳубини чаҳор кӯдак барои як кас вазнин аст.

Бибии чоргоникҳо умед дорад, ки ба хонаводаи ҷавон манзил ҳадя мекунанд.

"Онҳо манзил надоранд, дар шаҳр иҷора мешинанд ва бо чаҳор кӯдак дар хонаи иҷоравӣ албатта сахт аст",-шаҳр дод модари Заррина.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон тифли нуҳмиллионум ба дунё омад. Духтарча дар хонаводае дар шаҳри Душанбе ба дунё омад. Вазни ӯ 3,6 кило буда-қадаш 51 см. Модари кӯдаки хушбахт Назира Муллоҷоноваи 28-сола мебошад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишвар ва модари хушбахтро табрик гуфту ба раиси шаҳри Душанбе дастур дод, ки ин хонаводаро бо манзил таъмин намояд.

Лентаи хабарҳо
0