17:11 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Шаҳри Душанбе, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистону Русия дар ҳамоиши навбатӣ дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
58 0 0

Маросими калидии барномаи конфронс дар Душанбе ҷаласаи умумии намояндагони дастгоҳҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ва Русия хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Дар шашумин конфронси ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия ки имрӯз, 29 май дар Душанбе баргузор мешавад, беш аз 300 нафар ширкат мекунанд.

Конфронс дар  мавзӯъи "Ҳамкорҳои байниминтақавӣ чун омили рушди фаъолияти тиҷоратӣ" бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисоди Русия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо кумаки бунёди "Росконгресс" ташкил шудааст.

Дар назар аст, ки барои иштирокдорони ҳамоиш мизи мудаввар ва биржаи тамосҳои тиҷоратӣ гузаронида  шавад. Маросими калидии барномаи ҳамоиш дар Душанбе ҷаласаи умумии намояндагони дастгоҳҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ва Русия, намояндагони Ҳукумат, соҳибкорон,  ташкилотҳо ва намояндагони расонаҳои ҳар ду кишвар хоҳад шуд.

Қарор аст, дар конфронси мазкур беш аз 300 нафар коршиносони Тоҷикистону Русия  ширкат кунанд — иттилоъ доданд ба РИА Новости дар бунёди "Росконгресс".

Иштирокдорони  конфронс масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, самтҳои асосии рушди равобити гуманитарӣ, дурнамо ва рушди ҳамкориҳо саноат ва нақлиёт, инчунин ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ мекунанд. 

Барчаспҳо:
ҳамоиш, ҳамкорӣ, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ