23:24 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Подписание экспортного контракта между РТ и РФ

Русия ба Тоҷикистон трактор ва техникаи кишоварзӣ содир мекунад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
79 0 0

Дар ин бора дар шашумин ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар Душанбе созишнома ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Русия бо Тоҷикистон  дар бораи содироти трактор ва техникаи кишоварзӣ ба тавофуқ расид. Созишномаи вижаро  ҶДММ  "Трактор"-и Русия ва ширкати тоҷикии ҶДММ "Сароб" ба имзо расониданд.  

Созишномаи мазкур дар шашумин ҳамоиши ҳамкориҳои байни минтақавии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад, ба имзо расид. Санади мазкурро раиси коргоҳи тракторбарории Русия Владимир Андрюшенко ва роҳбари тиҷоратии корхонаи тоҷикии Сароб  Муҳаммад Муминов  имзо карданд. 

Афзун бар ин, Палатаҳои савдои Тоҷикистону вилояти Липетски Русия дар бораи ҳамкорӣ дар масоили  муҳоҷиратӣ ва кишоварзӣ қарор бастанд.   

Қарор аст, дар конфронси мазкур беш аз 300 нафар коршиносони Тоҷикистону Русия  ширкат кунанд — иттилоъ доданд ба РИА Новости дар бунёди "Росконгресс".

Иштирокдорони  конфронс масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, самтҳои асосии рушди равобити гуманитарӣ, дурнамо ва рушди ҳамкориҳо саноат ва нақлиёт, инчунин ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ мекунанд. 

Барчаспҳо:
трактор, содирот, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ