Шикояти волидон ба Озода Раҳмон: ба кӯдаконамон таътилро бар гардонед

Обуна шудан
Волидони тоҷик дархост кардаанд, ки ба донишомӯзон таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ бар гардонида шавад. Дар ин бора онҳо ба раиси дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон мактуб навиштаанд

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Модарони донишомӯзони тоҷик  ба номи раиси дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон мактуби шикоятие навишта, дархост кардаанд, ки ба кӯдакони макотибҳои кишвар таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ бар гардонида шавад. Ин мактуби модарони тоҷик дар гурӯҳи фейсбукии Tajik Mama Group мунташир шудааст.

Санади мазкурро 28 май ба дастгоҳи раисҷумҳур дастрас карданд. Ҳамагӣ шикоятномаро 600 нафар имзо кардаанд.

Нуриддин Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Нуриддин Саид: Тоҷикистон дар соли 2020 ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад

Баҳс дар бораи зарурати баргардонидани таътил  даршабакаҳои иҷтимоӣ  авохири моҳи майи соли равон сар зад. Корбарони гурӯҳ навиштаанд, ки ба муҳассилини тоҷик таҳсил мушкил гардидааст, зеро аллакай ҳашт сол мешавад, ки дар макотиби Тоҷикистон соли хониш дар аввали моҳи июн ба анҷом мерасад, аммо онҳо дар тирамоҳ ва баҳор таътил надоранд. Дар зимистон бошад, як моҳи дароз дар хона мемонанд.

Ба гуфтаи онҳо, маҷбуран ба таҳсил ҷалб кардани кӯдакон дар давоми ним соли бидуни таътил дуруст нест.

"Аз бинии писарам хун меояд", "Кӯдакон монда шудаанд, дигар намехоҳанд мактаб раванд", "Ба дод омадаем, аммо коре карда наметавонем",-  навиштанд волидон дар шарҳи мавзӯъ.

Занги камолот - Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф: “занги камолот” 6 июн, 45 дақиқа баргузор шавад

Таътили тирамоҳӣ ва баҳорона аз соли хониши 2010-2011 сар карда бардошта шуд. Аммо аз ин ҳособ таътили зимистона дарозтр шуда, як моҳро ташкил дод.

Ба гуфтаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин иқдоми ниҳод барои беҳтар кардани сифати таълим равона шудааст: муаллимон ба курсҳои тахассусӣ мераванд, толибилмон ба олимпиада тайёрӣ мебинанд…

Чунин шикоятномаҳо чанд бор ба нами вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид низ ирсол шуда буд, аммо ин қарори қаулкардаи ниҳод бекор нагардид.

Лентаи хабарҳо
0